, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН»

 25.10.2023 231

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН»

Санаи 24.10.2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон» баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, муаллимаи калони кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Одинаева Марҳабо, ассисенти кафедраи журналистика, ҳамзамон роҳбари маҳфил Муродов Ҷамил ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат варзиданд. 

Нахуст роҳбари маҳфил Муродов Ҷамил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот доданд.  Сипас декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Баъдан Назарова Лола, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Жанри мусоҳиба дар радио” ва донишҷӯи дигари ҳамин гурӯҳ Тошматов Умарҷон дар мавзуи "Нигоҳи гузаро ба саргузашти матбуоти тоҷик дар солҳои 1912-1913"(дар мисоли рӯзномаи “Бухорои Шариф”) баромад намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бояд зикр кард, ки маърӯзаҳое, ки дар маҳфили номбурда ироа мегарданд, муҳим ва саривақтӣ буда, донишҷӯёнро ба фикр кардан ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар фаъолияти рӯзноманигориашон ба вуқуъ меоянд, водор месозад.




Ба рӯйхат