, Панҷшанбе, 26-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 21.10.2023 264

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Санаи 21-уми октябр дар толори шурои олимони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Доутова Адиба Раҷабалиевна дар мавзуи «Мукаммалгардонии таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳолати он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ, Фасеҳзода Ислом Саймирзо, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент) баргузор гардид.

Дар муҳокима декани факултети иқтисод ва идора, дотсент Расулова Лутфия, декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, роҳбари илми докторант Фасеҳзода Ислом Саймирзо, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудирони кафедраҳои тахассусии факултетҳои болозикр, ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Наврӯз Носирӣ, номзади  илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баромад намуда, қайд карданд: “Тавре ба сохтори диссертатсияи Доутова Адиба назар намоем, он аз муқаддима, 3 боб, 14 зербоб, хулосаҳо аз натиҷаҳои илмии диссертатсия ва адабиёт иборат аст. Аз ин лиҳоз, рӯ овардани диссертант ба ин масъала тақозои таҳқиқоти замон буда, мубрам ва қобили аҳамияти аҳли башар ба ҳисоб меравад”.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Доутова Адиба Раҷабалиевна бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат