,
Панҷшанбе, 26-декабр
Аз санаи 13 то 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “ТАЭКВАНДО-ВТФ” ва “БОКС” баргузор гардид.
Дар чемпионати мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 49 кг миёни калонсолон аз рӯи варзиши “ТАЭКВАНДО-ВТФ”, сазовори ҷойи якум гардида, бо гирифтани медали тилло, Баҳриддини Зиёвуддин, донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур дар вазни 60 кг миёни калонсолон аз рӯи варзиши “ТАЭКВАНДО-ВТФ”, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо гирифтани медали нуқра ва Раҳимов Шуҳрат, донишҷӯи курси якуми ҳамин факултет дар вазни 59 кг миёни калонсолон аз рӯи варзиши “ТАЭКВАНДО-ВТФ” сазовори ҷойи сеюм гардида, бо гирифтани медали биринҷӣ шарафманд гардиданд.
Ҳамзамон Орифҷони Ғафор, донишҷӯи курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 67 кг байни калонсолон (писарон ва бонувон), аз рӯи варзиши “БОКС” барои дарёфти ҷоизаи ҷойзадори Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 Мавзуна Чориева сазовори ҷойи дуюм гардида, бо медали нуқра сарфароз гардид.
Ногуфта намонад, ки мусобиқаҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз баргузории он ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар воқеъ, варзиш гарави саломатӣ буда, чунин мусобиқаҳои варзишӣ имконият фароҳам меоваранд, то ҷавонон ширкат намуда, сатҳи ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Раёсати Донишгоҳ ғолибонро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.