, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

 21.10.2023 241

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

Санаи 21-уми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷашни Меҳргон таҷассумгарӣ суннатҳои неки инсонӣ» бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Қувватова Муҳаббат, ассистенти кафедраи журналистика Муродов Ҷамил ва ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлол умри дубора бахшид. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Инчунин сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрику таҳният намуданд.

Сипас дотсент Қувватова Муҳаббат дар мавзуи “Меҳргон-рамзи аҳду паймон ва оини меҳрпарастӣ”, донишҷӯёни курси дуюми факултет Раҳматова Фотима дар мавзуи “Мавқеи оини меҳр дар сарчашмаҳои таърихӣ” ва Давлатшозода Муаттара дар мавзуи “Андешаҳои бузургон доир ба ҷашни Меҳргон” маърӯза намуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи тирамоҳ ва меҳргон манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби яке аз донишҷӯёни факултет суруд бо овози зинда баҳри болидаруҳии иштирокчиён садо дод.




Ба рӯйхат