, Шанбе, 12-октябр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 21.10.2023 177

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад”.

Дар пайрави аз ин гуфтаҳо имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Рушди системаҳои идоракунии инноватсияҳо дар корхонаҳои саноатӣ» бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди саноат 2022-2026» баргузор гардид.

Пеш аз оғози конференсия намоиши маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазири корхонаҳои саноатии шаҳр, ба роҳ монда шуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомова Туфамо, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фасеҳзода Ислом, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадов Раҳимҷон ва ҳайати профессорон, устодони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва омӯгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданда, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ  намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуқӯъ пайвастааст.

Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомова Туфамо дар мавзуи “Нақши навовариҳо дар инкишофи корхонаҳои саноатӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фасеҳзода Ислом дар мавзуи “Идоракунӣ ва рушди инноватсионии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ”, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадов Раҳимҷон дар мавзуи “Такмили механизмҳои идоракунии инноватсияҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи молия ва қарз дар КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Олимов А., дар мавзуи “Моҳият, қонуниятҳои таъсис ва сохтори кластерҳои агросаноатӣ”, дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Наврӯз Носирӣ дар мавзуи “Механизмҳои дасгирии давлатии фаъолияти инноватсионии КАС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуда, иброз доштанд, ки  самараи Истиқлол аст, ки имрӯз мардуми ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардида, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нерӯ ва қувваи худро сафарбар кардаанд.

Дар бахши музокирот декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия баромад намуданд.

Инчунин қайд гардид, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт буда, вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама ба сатҳу сифати рушди муносибатҳои соҳибкорӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин вобаста ба барномаҳои стратегии рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бахусус, гузаштан ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ тақозо менамояд, ки насли нави менеҷерони соҳаи иқтисодиёт, соҳибкорони баландихтисос ва идоракунии корхонаҳо омода карда шаванд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Соҳибкорӣ ва инноватсия” ва “Иқтисодиёти саноат” идома ёфт.

Маҷмуаи мақолаҳои илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад, зиёда аз 85 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни рушд, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат, таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридоткунандаро дар бар мегирад.




Ба рӯйхат