, Сешанбе, 07-май

ҒОЛИБИЯТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

 20.10.2023 14

ҒОЛИБИЯТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Бекназарова Рузафзун, донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи варзиши «Камарбандӣ», ки дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни 17 давлати ҷаҳон санаи 14 то 15-уми октябр гузашт, сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқра ба даст овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардида, медалҳои нуқра ва биринҷӣ гирифтааст.

Раёсати Донишгоҳ Рузафзунро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат

*/