, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОС»

 19.10.2023 32

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «РАВОНШИНОС»

Санаи 19.10.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Равоншинос»-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори Қосимов Пӯлод, асситентони кафедра Шоҳимардонова Мунира, Розиқов Толибшоҳ ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Нахуст  Қосимов Пулод баромад намуда, ҳозиринро бо барномаи маҳфил ва мавзуъҳои баррасишаванда дар маҳфил шинос намуданд.

Сипас Ҷумахонзода Ҷамшед, донишҷӯи курси 4- уми ихтисоси равоншиноси амалӣ дар мавзуи “Стресс ва роҳҳои бартарафнамоии он” , ва Ризозода Сафарбӣ, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси логопедияи таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Нақши омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инкишофи кӯдак” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.




Ба рӯйхат

*/