, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯ

 18.10.2023 210

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 18.10.2023 аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ семинар-машварати илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Вазифа ва уҳдадориҳои методистони тахассусӣ ва педагогикаву психолигия дар раванди таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён» баргузор гардид.

Дар семинар-машварат муовини  ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдувоҳид, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар, мудирон ва  омӯзгорон-методистон аз кафедраҳои тахассусӣ ва педагогикаву психологияи донишгоҳ иштирок доштанд.

Семинарро муовини  ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, иброз доштанд, ки “Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ-башарӣ самаранок ба роҳ мондани омодагии ҳамаҷонибаи кадрҳои омӯзгорӣ яке аз омили асосии мушарраф гардидан ба фаъолияти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ дар назар дошта мешавад. Бо назардошти ин ва мустаҳкам гардонидани заминаҳо барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонуну қарорҳо, низомномаю консепсияҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқиро  қабул намуданд, ки фаъолият дар самти маориф тибқи онҳо роҳандозӣ гардидааст. Бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгорро муфассал баррасӣ намуда, доир ба мақом ва ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа боби алоҳида бахшида шудааст”.

Ҳамчунин, дар зимни баромад таъкид доштанд, ки “Тайёр кардани омӯзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олӣ, хосатан Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шумор меравад. Донишҷӯёни имрӯза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омӯзгор мешаванд, на танҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар мактаб ҳамаҷониба омӯзанд, то ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон онро амалӣ гардонида тавонанд”.

Баъдан, тибқи нақшаи баргузории семинар-машваратҳои илмӣ-омӯзишии маркази рушди касбият ва инноватсия мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ-Бобоев Бахтовар доир ба мавзуи «Вазифа ва уҳдадориҳои методистони тахассусӣ ва педагогикаву психолигия дар раванди таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён» баромад намуда,  уҳдадориҳои методистони тахассусӣ ва педагогикаву психолигияро мутобиқи муқаррароти Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳасилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2017, № 1/16 тасдиқ шудааст,  ба саҳми иштирокчиёни семинар расонид. Дар ин баробар  доир ба аҳамият ва муҳим будани раванди таҷрибаомӯзӣ дар тайёрии касбии мутахассисони оянда таъкид доштанд, ки “Мақсади таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд”.

Дар қисмати музокирот дотсентон Муродова Гулчеҳра, Гиёев Абдуназар, муаллимони калон Бегиев Шариф ва Давлатов Толқун баромад намуданд.

Зимни баромад нақши таҷрибаомӯзии педагогиро дар тайёрии касбии мутахассисони ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, аз собиқаи кории бисёрсолаи худ дар ин самт ёдовар шуда, ба омӯзгорон ва методистони ҷавон ҷиҳати иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳо дар раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён тавсияву маслиҳатҳои методиву психологӣ доданд.




Ба рӯйхат