, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ДУНЁИ СИЁСАТ»

 18.10.2023 17

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ДУНЁИ СИЁСАТ»

Санаи 17-уми октябри соли 2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили навбатии «Дунёи сиёсат» баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродов Темур, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, муаллими калони кафедра Яқубзода Фирӯз, ассистентон Ҷобиров Ш., Кучаров А.,  Зарифов Ҳ., Ҳасанов Б ва ҳайати васеи донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Қурбонзода Далер суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас Сулаймонова Фотима, донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси сиёсат ва идораи давлат дар мавзуи «Консепсияи сиёсати берунаи Ҷумхурии Тоҷикистон» ва Қурбонзода Шаҳзода, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ  дар мавзуи «Экстемизми сиёсӣ-динӣ таҳдид ба амнияти миллӣ» баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

*/