,
Шанбе, 21-декабр
Рӯзи 17 октябри соли равон аз ҷониби кормандони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ бо мақсади шомил шудани онҳо ба платформаи омӯзишӣ баҳри гирифтани донишу малакаҳои молиявию иқтисодӣ баргузор гардид.
Лоиҳаи омӯзишии БАТР дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ гардида, ба он муҳасилини муассисаҳои таҳсилотии олии касбии вилоят ҷалб гардидаанд.
Дар семинари мазкур оид ба ҳисоботи молиявӣ корманди бахши марказии БАТР аз кишвари Олмон Елена Д. машғулияти назариявӣ ва пурсишнома доир намуда, инчунин ба саволҳои донишҷӯён посухҳои саҳеҳ доданд.
Сипас, бонкдори пешбари департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Баҳодур Юсупов, сармушовири бонкии лоиҳа Азамат Болтабаев ва Сардори шуъбаи байналмилалии Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Баҳромҷон Раҳматзода оид ба муҳимияти гирифтани донишҳои моливию иқтисодӣ ва зарфиятҳои платформаи мазкур суханронӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки даври омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи БАТР 6 моҳро дар бар гирифта, иштирокчиён соҳиби сертификатҳои тахассусӣ ва туҳфаҳо мешаванд.