,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Санаи 18.10.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди амалӣ аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Мирзоева Бунафша дар мавзуи «Маълумот дар бораи нахи матоъ ва коркарди он» дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловагии забони русӣ бо иштироки аъзоёни кафедра гузаронида шуд.
Сараввал роҳбари гурӯҳ Мирзоева Бунафша дарсро оғоз намуда, оид ба якчанд навъҳои нахи матоъ маълумот доданд.
Сипас донишҷӯён дар борои нахи матоъи абрешимӣ маърӯзаҳо намуданд.
Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.