, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ «БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАСТ КАРДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ»

 14.10.2023 207

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ «БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАСТ КАРДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ»

Ҳамасола 13-октябр дар сайёраи Замин рӯзи «Байналмилалии паст кардани хатари офатҳои табиӣ» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин росто санаи 14-октябри соли 2023 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи «Байналмилалии паст кардани хатари офатҳои табиӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носирӣ, муовини декан оид ба таълим Бобохонов Ҷамшед, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Азимов Раҷабалӣ, омӯзгорони кафедра Абдуллоев Донёр, Ашуров Содирхон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет Наврӯз Носирӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи барномаи чорабинӣ ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас Азимов Раҷабалӣ ба донишҷӯён оид ба “Ҳолати ногаҳонии заминларза, рафтори дуруст нисбати заминларза ва роҳҳои худмуҳофизаткунӣ” маълумот доданд.

Ҳамзамон омӯзгори кафедра Абдуллоев Донёр зимни баромадашон қайд намуданд, ки дар ҳолати заминларза дар хона, кӯча, дар бинои муассисаҳои таълимӣ кадом мавқеъро барои ҳимояи худ ва атрофиён бояд интихоб кард ва дар ҳолате, ки баъди гузаштани заминларза агар солим монед барои ёрии аввалин расонидан ба атрофиён кӯмаки худро расонед. То омадани кормандони ёрии таъҷилӣ ҳар як шаҳрванд бояд, ки кӯмаки худро ба зарардидагон расонад.

Пас аз чорабинии факултет аъзоёни кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ҷамъомад бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситоди шаҳрӣ ва минтақавӣ, шаҳрвандони минтақаи Кӯлоб дар бахши ҷавонони шаҳри Кӯлоб оиди мавзуи заминларза гузарониданд.

Дар охир Азимов Раҷабалӣ ва Абдуллоев Донёр ба Сипосномаи ситоди минтақавӣ оиди Ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб  мушарраф гардиданд.




Ба рӯйхат