, Сешанбе, 10-декабр

МАҲФИЛИ АДАБИИ «ПАРВОЗИ ШОҲИН» БО ИШТИРОКИ НАВИСАНДА МАҶИД САЛИМ

 14.10.2023 281

МАҲФИЛИ АДАБИИ «ПАРВОЗИ ШОҲИН» БО ИШТИРОКИ НАВИСАНДА МАҶИД САЛИМ

Санаи 14-уми октябри соли равон маҳфили адабии «Парвози шоҳин»-и факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки нависанда, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ - Маҷид Салим баргузор гардид.

Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони соҳавии ректор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Маҷид Салим, аҳли зиё ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Меҳмононро дар саҳни донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек пешвоз гирифтанд.

Баъдан дар бинои маъмурии донишгоҳ маҳфили адабии "Парвози шоҳин" баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ки ровигии чорабиниро бар зимма доштанд оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, зикр карданд: “Устод Маҷид Салим аз зумраи адибон ва муҳаққиқони хушзавқи тоҷик аст, ки кори рӯзноманигорӣ ва қаламкаширо аз нашрияҳои маҳаллии минтақаи Кӯлоб оғоз намудааст. Тайи солҳои бисёр дар нашрияи “Адабиёт ва санъат”, шуъбаҳои наср, очерк, публисистика ва хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даст ба ормонҳои адабӣ зада ва дар Телевизиони Тоҷикистон ба таснифу пахши барномаи деринтизори “Инсон ва табиат” дасту дилу рӯҳу завқашро баста буд. Аз ҳамон вақт ӯро ба сифати як нафар эҷодгари пурталошу нерӯманд дар арсаи нависандагӣ ва рӯзноманигорӣ шинохта ва ҷойгоҳашро хуш тамйиз карда будам. Ӯ як нависандаи ҳирфаии соҳибзавқ дар арсаи нигориши ҳаёти ҷонварон, ба таъбире ҷонварнигори моҳир ва соҳибтаҷриба аст ва табиати ҷонваронро дар адабиёт бо дониши бисёр баланд ва завқи бисёр хосу мумтоз офаридааст. Оне аст, ки илми бепаҳнои биологияро ба уқёнуси адабиёт оварда ва дар пайвасти ин ду бисёр нодиракорӣ карда ва онҳоро ҷамъу ҷӯр кардааст”.

Баъдан мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ маълумоти мухтасар роҷеъ ба зиндагиномаи Маҷид Салимро қироат намуданд. Инчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Содиқов Ёралӣ дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои осори нависанда”.

Сипас устод Маҷид Салим суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти эҷодии худ, кору пайкор, сафарҳои кории худ, мазмуну мундариҷаи ҳикояҳои худ, ки пайваста дар боби ҳайвоноту набототи нодиру беназари ватани азизамон ба табъ мерасад, воқеаҳои ҷолибу хотирмони худ, ки дар рафти фаъолияташон доштанд қайд намуданд. Майлу рағбати зиёд доштанд ба олами вуҳушро аз овони кӯдакии худ дониста, аз деҳаи оилаву худ ёд намуданд. Инчуни устод қайд намуданд, ки дастпарвари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, маҳз бо шарофат ва дастгириҳои пайвастаи устодони ин боргоҳи илму маърифат ба ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳо ноил гаштаанд ва изҳори сипосу миннатдории бепоёни худро ба устодони Донишгоҳ расониданд.

Дар қисмати дигари маҳфил аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика порчаҳо аз ҳикояҳои устод Маҷид Салим ироа гардид.

Иштирокдорони маҳфил ба нависанда, рӯзноманигор Маҷид Салим саволҳо дода, дар бораи фаъолияти эҷодияш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба устод Маҷид Салим тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. Ҳамзамон устод ба китобхонаи Донишгоҳ китоби тозанашри худ бо номи “Гавазн ва шикорчӣ”-ро тақдим намуданд.




Ба рӯйхат