,
Шанбе, 23-ноябр
Санаи 14.10.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси занони факултет Шоимардонова Мунира дар мавзуи «Меҳргон ҷашни кишоварзон» дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловагии забони русӣ гузаронида шуд.
Дар дарси кушод мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг, раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рузиева Барно ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари гурӯҳ Шоимардонова Мунира дарсро оғоз намуданд.
Сипас донишҷӯён дар борои ҷашни Меҳргон ва меваҳои шифобахш маърӯзаҳо намуданд.
Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар фарҷом номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.