,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Санаи 12-уми октябр дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедари таърихи халқи тоҷик Суфиев Садриддин, роҳбари маҳфил Алимов Қобил, ассистенти кафедраи мазкур Шамсияи Тоҳирхон ва дигар омӯзгорону аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Алимов Қобил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас Хоҷаева Файзигул, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таърих дар мавзуи “Забти Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо ва оқибатҳои он” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира миёни маърӯзачиён ва нишастагон ба анҷом расид.