, Чоршанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 12.10.2023 55

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 11.10.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим Бозоров Хушвахт, номзади илмҳои педагогӣ Фархуддинов Юсуф, муаллими калони кафедраи мазкур Мирзоева Бунафша ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Нахуст дотсенти кафедра Бозоров Хушбахт, дар мавзуи "Калима ҳамчун воҳиди луғавӣ" ва Фархуддинов Юсуф, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи "Тағйири мундариҷаи таҳсилот ва бозсозии системаи маориф” баромад намуданд.

Баъди анҷоми маърузаҳо аз ҷониби омӯзгорон саволҳо пешниҳоди маърузачиëн гардид.




Ба рӯйхат