, Ҷумъа, 17-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ДИПЛОМАТИЯ»

 12.10.2023 19

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ДИПЛОМАТИЯ»

Санаи 11.10.2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия” дар мавзуи “Нақши зан дар дипломатия” баргузор гардид.

Дар маҳфил ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамзамон роҳбари маҳфил Сафаров Ҳакимшо, муаллими калони кафедраи мазкур Комилов Насим, ассистенти кафедра Меҳрангези Юсуфӣ ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Сараввал  роҳбари маҳфил Сафаров Ҳакимшо суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас Табарова Озар, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши зан дар дипломатия” ва Бобоев Абубакр, донишҷӯи курси дуюми ҳамин ихтисос дар мавзуи “Дипломатияи мокуӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира миёни маърӯзачиён ва нишастагон ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

*/