, Ҷумъа, 03-май

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАГОНИ ШУЪБАИ ТАШКИЛОТИ GOOD NEIGHBORS INTERNATIONAL ДАР ДОНИШГОҲ

 11.10.2023 9

ВОХӮРИ БО НАМОЯНДАГОНИ ШУЪБАИ ТАШКИЛОТИ GOOD NEIGHBORS INTERNATIONAL ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 10.10.2023 мутахассиси беруна оид ба арзёбии лоиҳа Херма Мажур дар доираи лоиҳаи  «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба техногологияи рақамӣ-инклюзивӣ», шуъбаи ташкилоти Good Neighbors International дар Ҷумҳурии Точикистон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф овард.

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Орифов Орзу,  намояндаи шуъбаи ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Точикистон Собирҷони Абдуллозода  ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳ Қурбонова Умеда, омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар курсҳои бозомӯзӣ ва тренингҳои лоиҳа ширкат варзида буданд, иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ мутахассисони соҳа натиҷаҳои бадастомадаро дар доираи лоиҳаи мазкур  арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат

*/