,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Маърифати молиявӣ»-и назди кафедраи молия ва қарз дар мавзуи «Назорати молиявӣ ва қисмҳои таркибии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар маҳфил ассистенти кафедраи молия ва қарз, ҳамчунин роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин, ассистенти кафедраи мазкур Файзиддини Зуриддин ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас Мусоев Амирҷон, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия ва қарз дар мавзуи “Назорати молиявӣ ва қисмҳои таркибии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон ба анҷом расид.