, Душанбе, 14-октябр

ҚАДРДОНӢ ВА РОҲХАТИ 18 НАФАР ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 11.10.2023 189

ҚАДРДОНӢ ВА РОҲХАТИ 18 НАФАР ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 11.10.2023 дар театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон"- оинаи таърихи миллат" ва "Маснавихонӣ" доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, иштирокчиёни озмунҳо аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар донишгоҳҳову муассисаҳои вилоят ва фаъолону пешсафон иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, дар хусуси дастоварду муваффақиятҳои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори назар намуданд. Қайд кардан: "Боиси ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир бо ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарëфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, инчунин тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд. Мисоли ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” мебошанд. Ин озмунҳо боис гашт, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардад".

Сипас дар вазъияти тантанавӣ нафарони ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Шаҳодатнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони даври вилояти аз донишгоҳ:

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Бобоева Саида донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ, аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон, сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ,

Раҳматуллоева Шарофат донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ, аз рӯйи номинатсияи  адабиёти ҷоҳон, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

Нуриддинзода Моҳрӯ донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, аз рӯйи номинатсияи  адабиёти  калассики  тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

Гулназарова Меҳрона донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ, аз рӯйи номинатсияи  адабиёти муосири тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

Гулназарова Моҳитобон донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

Айниева Омина донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср, сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “"Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” аз Донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Каримова Зарнигор – унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ; сазовори ҷойи якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ,

Расулзода Абдулбосид - донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, сазовори ҷойи якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ,

Раҳимов Насим - донишҷӯи курси якуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз Донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Аз рӯи номинатсияи “Математика (арифметика, алгебра, геометрия)”

Ёдгорбии  Асламхон - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси физика математика,  сазовори ҷойи якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ,

аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”

Маъруфҷони Одинаҳмад-магистранти курси дуюми ихтисоси физика, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”

Аввалов Бахтиёр - магистранти  курси дуюми ихтисоси информатика, сазовори ҷойи якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ,

аз рӯи номинатсияи “Химия”

1.Ҳусейнов Ҳусниддин - магистранти курси дуюми ихтисоси химия ва биология, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ,

2.Фариддуни Бобоҷон -донишҷӯи курси якуми ихтисоси химия ва биология, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

аз рӯи номинатсияи “Биология (ботаника, зоология,  анатомия )”  Расулов Кароматулло - донишҷӯи курси  панҷуми ихтисоси  химия ва биология, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,

аз рӯи номинатсияи “География”

1.Мадасани Азизмад, магистранти курси якуми ихтисоси география, сазовори ҷойи якум ва соҳиби Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ,

2.Мирзозода Насиба, донишҷӯи  курси дуюми ихтисоси география,  сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ,

3.Давлатов Аҳлиддин, донишҷӯи курси якуми ихтисоси география, сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” аз Донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи “Номинатсияи навозандагӣ”, сазовори якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ, (дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ШОҲҶОИЗА ва 50 000 сомонӣ гардид);  Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар жанри анъанавии “Номинатсияи сарояндагӣ” сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Маснавихонӣ” аз Донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Расулзода Абдулбосид - донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, сазовори ҷойи якум гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.

Дар маҷмуъ имсол барои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 481 000 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбати соли гузашта 853 ҳазор зиёд мебошад.




Ба рӯйхат