,
Душанбе, 09-декабр
Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он Бобоев Бахтиёр, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет Исупов Дилшод маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.
Сипас Ғаффори Мурод суханронӣ намуда, аз фаъолияти ҳамарӯзаи ҷамъияти илмии донишҷӯён дар донишгоҳ ба ҳозирин маълумот доданд ва ба донишҷӯён барои иштирок дар семинару дарсҳое, аз ҷониби Маркази рушди касбият барои тақвияти донишу маҳоратҳои донишҷӯён пешбинӣ шудааст тавсия намуданд.
Баъдан Сидиқова Насиба, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси химия биология дар мавзуи “Элементҳои худрӯй ” ва Ҳоҷизода Марҷона, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси биология экология дар мавзуи «Об муъҷизаи бебаҳои табиат» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.