, Чоршанбе, 03-июл

ДАСТОВАРД ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

 09.10.2023 68

ДАСТОВАРД ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ҳамасола дар Федератсияи Россия озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор мегардад, ки аз давлатҳои дигар низ ба ин озмун корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ворид мегардад. Моҳи сентябр даври 41-уми озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур Шеров Рустам, муаллими кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кори илмии худро дар мавзуи «Формирование привычек культурного общения младших школьников» пешниҳод намуда, сазовори Лауреати дараҷаи якум гардид.

Ҳамзамон роҳбари илмиаш профессор Гулмадов Файз барои тайёрии касбии илмии иштирокчии «41-умин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Озмун ҳамасола аз ҷониби Маркази умумироссиягии коркарди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ (Всероссийский центр научно-исследовательских разработок)  гузаронида мешавад.




Ба рӯйхат