,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 09.10.2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якуми факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои якум иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои аз бар кардани донишу малакаҳои касбӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуданд. Зимни баромади хеш оид ба масъалаҳои риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ суханронӣ намуданд.
Инчуни муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, дотсент Холиқова Зайналбӣ ва сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки донишҷӯ саъю кушиш мекунад, ки дар касби интихобнамудааш мутахассис шавад. Ӯ бовиҷдонона таҳсил мекунад ва дар тадқиқотҳои илмӣ ширкат меварзад. Ҳамаи имкониятҳоро барои пурра кардани сатҳи дониш ва аз худ намудани малакаҳои амалӣ истифода мебарад, кушиш мекунад, ки дар касби интихобкардааш мутахассиси хуб шавад. Донишҷӯ дар вақти санҷишу имтиҳонот рӯбардор намекунад ва аз шпаргалка истифода намебарад. Донишҷӯ барои ёрӣ ба дигар шахсони миёнараву бесалоҳият муроҷиат намекунад ва дар вақти санҷишу имтиҳонҳо, ки иҷроиши корҳои фардиро пешбинӣ менамоянд, сидқан саъю кӯшиш мекунад, вазифаи хонагӣ, корҳои санҷишӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ ва дипломии аз тарафи дигарон иҷрокардашударо ҳамчун натиҷаи меҳнати шахсии худ намесупорад.
Сипас аз ҷониби яке аз донишҷӯён савганди донишҷӯӣ қироат карда шуд, ки ҳама донишҷӯён дар якҷоягӣ калимаи "Савганд"-ро ба забон оварданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни курси якуми факултет дафтарчаҳои имтиҳонотӣ аз ҷониби садорати факултет супорида шуда, онҳоро барои сазовори номи донишҷӯ шудан табрик карданд.