, Ҷумъа, 27-декабр

СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ БЕЛАРУС

 09.10.2023 198

СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ БЕЛАРУС

6 октябри соли равон дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки санаҳои 5-6 октябр бо иштироки вазирону масъулони соҳаи маориф, ректорони беш аз 50 донишгоҳҳои ҳар ду давлат дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо Донишгоҳи давлатии педагогии Белорус ба номи Максим Танк дар шахси ректори он Жук Александр Иванович ва Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С.Пушкин дар шахси ректори он Голубев Юрий Петрович созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонд.

Ҳадаф аз созишномаҳои мазкур рушди сафарбарии академии омӯзгорону донишҷӯён, табодули таҷрибаи пешқадам, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои фарогири манфиатҳои ҷонибҳо иборат буда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим ва судманд дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таълимӣ, методӣ ва тадқиқотӣ мусоидати созгор хоҳанд дошт.




Ба рӯйхат