, Душанбе, 09-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

 06.10.2023 234

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

Санаи 06.10.2023 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввари дар мавзуи «Бувад ҳар кор бе устод душвор» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, муовини декан оид ба тарбия Табаров Шеравган, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Разоқов Наврӯз, мутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин ва гурӯҳи донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Ҳамоишро декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқи муҳайё гардидаанд. Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.

Сипас донишҷӯён Мазарифова Фарангис дар мавзуи “Бузургии омӯзгор”, ва Акрамов Меҳроб дар мавзуи “Забон-неъмати бебаҳо” маърӯза намуданд.

Дар қисмати охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар ситоиши забон ва омӯзгор ва суруд бо садои зинда пешнҳоди ҳозирин гардид.




Ба рӯйхат