, Душанбе, 14-октябр

ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛОРУС – МИНБАРИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО

 06.10.2023 215

ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛОРУС – МИНБАРИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО

5 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Дар форуми мазкур, ки санаҳои 5-6 октябр баргузор гардид, вазирону масъулони соҳаи маорифи кишварҳо, ректорони беш аз 50 донишгоҳҳои ду кишвар, аз ҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек иштирок намуданд.

Нахуст иқтидори таълимӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус аз ҷониби ректори он Вадим Богуш ба ҳайати ҷониби Тоҷикистон, ки онро вазири маориф ва илми кишвар, профессор Саидзода Раҳимҷон Ҳамро роҳбарӣ менамуд, манзур карда шуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии Форум вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз сафари расмии соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои муваффақонаи кишварҳо, тавофуқоти мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм ва сиёсати ҷавононро маҳз самараи мулоқоту хидматҳои сарони кишварҳо арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар ҷараёни форум таҳияи Комплекси илмию таълимии Беларусу Тоҷикистон дар назар буда, имконияти дар Беларус кушодани Маркази омӯзиши фарҳанг ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар доираи Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2023-2026 ба имзо расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо миёни Беларус ва Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои гуманитарӣ рушди босуръат касб намуда, дар соҳаи маориф заминаи кофии меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфтааст. Дар ин замина, як қатор созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ, аз ҷумла миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо зиёда аз 100 созишномаи мустақими дуҷониба ба тасвиб расидааст.




Ба рӯйхат