, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

 06.10.2023 318

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

Санаи 6-уми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дарси кушод дар мавзуи «Проблемаҳои журналистикаи тоҷик дар ҳамгироӣ бо интернет» дар гурӯҳи таълимии 303-и ихтисоси рӯзноманигорӣ  баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст дарсро муаллим Алишери Абдулмаҷид оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллим  доир ба мавзуи мазкур қайд намуданд: "Имконоти номаҳдуд доштани шабакаи глобалии интернет аҳамияти локалии иттилоъро аз байн мебарад. Ҳадди ақал маҳдудаи аудиторияи ВАО-и классикиро рахна месозад. Ҳама гуна маълумоти воридгашта маҳдудияти ҷуғрофӣ надорад ва ҳар замон метавонад тарҷума шуда, бо забонҳои дигар низ дастрас гардад. Ба ин далел ҷоннок намудани механизми фаъолияти веб-сайтҳои чандзабона ҳам пеш меояд. Ба ҳар навъ, бояд ба назар гирифт, ки ҳар хабари ҷолибе, ки аз нигоҳи аҳамияти иҷтимоӣ доираи маҳдуд дорад, аммо ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки он ба чандин сомонаҳои дигар берун аз марзҳои ин ё он кишвар кӯч бандад".

Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.

Дар фарҷом муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат