, Якшанбе, 08-декабр

ПЕШВОЗИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

 06.10.2023 286

ПЕШВОЗИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба шумор меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст.

Санаи 5-уми октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.

Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи “Номинатсияи навозандагӣ” соҳиби ШОҲҶОИЗА ва 50 000 сомонӣ гардид. Инчунин Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар жанри анъанавии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 40-сола) сазовори Дипломи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардид.

Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ғолибонро дар саҳни донишгоҳ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба тарбия дотсент Сафарзода Мунир, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

Сипас дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба таълим дотсент Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда,  ғолибон ва роҳбарашонро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ хост.

Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлобро ба аҳли нишаст расониданд. Ҳамзамон қайд намуд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш Сулаймони Абдуқаҳҳор, омӯзгори фанни физикаи Мактаби Президентӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол - 2023" ғолиб дониста шуд.

Сипас, ғолибони озмуни миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат барои ташкили чунин озмунҳо баён доштанд.

Раёсати донишгоҳ Одинаев Фазлиддин, Қаландарбекова Моҳбибӣ ва кормандони бахши фарҳанги Донишгоҳро барои ноил шудан ба ин дастоварди бузург самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат