,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Рӯзноманигори ҷавон» баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат варзиданд.
Нахуст мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.
Баъдан Муслимаи Амрохон, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Таносуби қонун ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” ва донишҷӯи курси чоруми факултет Азимов Аминҷон дар мавзуи "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" баромад намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаҳое, ки дар маҳфили номбурда ироа мегарданд, муҳим ва саривақтӣ буда, донишҷӯёнро ба фикр кардан ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар фаъолияти рӯзноманигориашон ба вуқуъ меоянд, водор месозад.