, Панҷшанбе, 16-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 06.10.2023 18

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Санаи 06.10.2023 дар толори Шурои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафаров Аъзам, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, номзади илмҳои иқтисодӣ Куганов Неъмат, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Ғаффори Мурод, сардорони ҷаъмияти илмии донишҷӯёни факултетҳо ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Сараввал сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Давлатов Камолиддин суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфили имрӯза маълумот доданд.

Баъдан Назарова Замира,  донишҷӯи курси 4-ум дар мавзуи “Фаъолияти эмиссиёнии Бонки Миллии Тоҷикистон" ва Давлатов Камолиддин, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Шакл ва усулҳои савдои байналхалқӣ” баромад намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат

*/