, Якшанбе, 22-декабр

ШОҲҶОИЗА БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ОМАД!

 05.10.2023 237

ШОҲҶОИЗА БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ОМАД!

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба шумор меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.

Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи “Номинатсияи навозандагӣ” соҳиби ШОҲҶОИЗА ва 50 000 сомонӣ гардид. Инчунин Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар жанри анъанавии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 40-сола) сазовори Дипломи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардид.

Бояд қайд намуд, ки иштироки донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин озмун назаррас буда, соли гузашта низ музаффариятҳои намоён доштанд.

Соли гузашта Абдуллоев Бахтовар, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар жанри эстрадии “Номинатсияи сарояндагӣ" (аз 18 то 40-сола) ва Имомов Муҳаммадназар, донишҷӯи соли 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ низ дар жанри эстрадии “Номинатсияи навозандагӣ" (аз 18 то 40-сола) дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" сазовори ҷойҳои 3-юм гардида буданд.

Раёсати донишгоҳ Одинаев Фазлиддин, Қаландарбекова Моҳбибӣ ва кормандони бахши фарҳанги Донишгоҳро барои ноил шудан ба ин дастоварди бузург самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат