,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 05.10.2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввари дар мавзуи «Забони модариям шаъну шонам» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусейнзода Аминҷон, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Мануҷеҳр, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Каримзода Исроил, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Суфиев Садриддин ва гурӯҳи донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоишро декани факултет, дотсент Ҳусейнзода Аминҷон ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Қайд карданд, ки ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, бо ин забон олимону шоирон ва эҷодкорони зиёде асарҳои мондагор офаридаанд, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Махсусан, китобу рисолаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Абураёҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳои дигар фарзонагони адабу маърифат, таърихшиносону олимон ба он ҳарф мегуфтану адаб меомӯхтанд. Чи дилчаспу гуворо, маҳбуби дилҳост лафзи модар, ки ширину беолоиш ва бо фасоҳату ба қалби мо ҷой мегирад ва моро ба олами пур аз меҳру муҳаббат, ҳаётбахшу пурфайз равона месозад.
Сипас дотсент Мазарипов Манучеҳр дар мавзуи “Баланд аст аз фалак шони муаллим”, муаллим самандаров Фаридун дар мавзуи “Баъзе ҷанбаҳои таърихии забони тоҷикӣ” маърӯза намуданд.
Ҳамзамон дар рафти багузории мизи мудаввар қайд гардид, ки омӯзгорӣ касби пуршараф ва пурифтихор мебошад, зеро тамоми талошову меҳнатҳои омӯзгор баҳри соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ равона гардидааст. Ӯ бо ақл, хирад, таҳаммул ва заҳматҳои бепоёни хеш насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос ва худогоҳро тарбия менамояд.
Дар қисмати охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар ситоиши забон ва омӯзгор ва як саҳначаи ҷолибу диданӣ бо номи “Баҳси забон” пешнҳоди ҳозирин гардид.