, Душанбе, 14-октябр

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 05.10.2023 268

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

5-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳли адаб, роҳбарият ва кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Саҳми мондагори Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Нахуст кормандони соҳаҳои гуногун роҳпаймоии осоишта ташкил намуда, аз назди бинои ҳукумати шаҳр то ба назди Қасри фарҳанг раҳсипор шуданд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Меҳмонон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг аз намоиши асарҳои мондагори Пешвои миллат -  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону адибон ва дастовардҳои соҳаи маориф дидан намуданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ оғоз гардид.

Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор таҳният гуфтанд ва барояшон саодати зиндагию бахту иқболи баландро таманно намуд. Инчунин қайд намуданд, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд. Пешвои муаззами миллат забони тоҷикиро барои худ чунин мешуморад: “Забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёгонамон мебошад”.

Сипас муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саидро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, зикр карданд: “Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забони давлатӣ ва забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари бунёдиашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” роҷеъ ба таърихи ғаниву рангин доштани забони тоҷикӣ сухан ронда, бамаврид қайд намудаанд: “Забон барҷастарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишонаи бақои ҳар як халқу миллат аст”.

Инчунин Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Забони модари пайванди ҷонам” маърӯзаи худро ироа намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони касбу кори гуногун бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сарфароз гардонида шуданд.

Сипас чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таранумгари ваҳдати миллӣ буд пешниҳоди меҳмон гардонида шуд.




Ба рӯйхат