,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 05.10.2023 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Забон – воситаи муаррифии миллату давлат» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ Қувватова Муҳаббат, муовини декан оид ба тарбия Иброҳими Амадхон ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Дар оғози мизи мудаввар декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо баромад намуда, зимнан оид ба нақш ва аҳамияти забони давлатӣ дар ташаккули инсон ҳамчун шахсияти комил ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ҳама давру замон, забони давлатӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ буда, сарчашмаи асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили ташаккули инсоният маҳсуб меёбад.
Сипас Фархундаи Хайрулло, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус дар мавзуи “Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих”, Саидаи Шариф, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият” ва Каримова Фариза, донишҷӯи курси 3-юми факултети мазкур дар мавзуи “Забони модарӣ –таҷассумгари миллат” маърӯзаҳо намуда, забони давлатиро ҳамчун пайкара ва симои миллат, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳама қавму халқият арзёбӣ карданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар ситоиши забони давлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Аз ҷониби дигар баромадкунандагон низ, забони давлатӣ ҳамчун пайкара ва симои миллат маънидод шуда, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳама қавму халқият арзёбӣ гардид.