,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 4-уми октябри соли 2023 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)» бо иштироки омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар семинар мутахассиси пешбари Марказ Изатов Умедҷон дар мавзуи “Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)” суханронӣ намуда, оид ба тарзи ворид шудан ба ин махзани илмӣ ва ҷой доданӣ мақолаҳоро ба омӯзгорон фаҳмонид. Ҳамзамон иштирокдорон тарзи дурусти пайвастшудан ба ин махзани илмиро омӯхтан ва дар амал нишон доданд.
Тазаккур бояд дод, ки махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ мебошад, ки зиёда аз 12 миллион нашрияҳои муаллифони рус, инчунин маълумот дар бораи истинод ба ин нашрияҳо беш аз 6000 маҷаллаҳои Русияро дар бар мегирад. Он на танҳо барои сари вақт таъмин намудани тадқиқоти илмӣ бо маълумоти муосири маълумотнома ва библиографӣ пешбинӣ шудааст, балки як воситаи пурқуввати таҳлилӣ мебошад, ки имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва самаранокии ташкилотҳои тадқиқотӣ, олимон, сатҳи маҷаллаҳои илмӣ ва ғайра дида шавад.