, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 04.10.2023 243

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Санаи 04.102023 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввари дар мавзуи «Нигаҳбони забон бошад муаллим» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора ва гурӯҳи донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҳамоишро декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Қайд карданд, ки ҷойгоҳи забон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, сол аз сол имконият барои рушду густариши забони давлатӣ фароҳам меояд ва баҳри эмин нигоҳ доштани забони давлатӣ ҳамчун мероси маънавии миллати тоҷик аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Сипас дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи “Баъзе ҷанбаҳои психологии забони тоҷикӣ”, дотсент Мирзораҳматова Гулнора дар мавзуи “Назокату ғановати забони тоҷикӣ” ва донишҷӯ курси якуми ихтисоси кори бонкии факултет дар мавзуи “Бе мураббӣ зери гардун маътабар натвон шудан” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамзамон дар рафти багузории мизи мудаввар қайд гардид, ки омӯзгор шахсест, ки дилу дида, кору пайкори худро баҳри сабақи шогирдонаш мебахшад. Ӯ заҳмат мекашад, заковату маҳорати худро истифода мебарад, то ки шогирди хубер ба воя расонад. Ӯ ҳамеша роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори инсон аст.

Дар қисмати охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар ситоиши забон ва омӯзгор ва як саҳначаи ҷолибу диданӣ бо номи “Баҳси забон” пешнҳоди ҳозирин гардид.




Ба рӯйхат