, Ҷумъа, 05-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Санаи 04.10.2023 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Забони миллат -  ҳастии миллат» бахшида Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носири, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Мирзораҳматова Гулнора, муовини декан оид ба тарбия Қурбонзода Некрӯз,  муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Саидов Парвин ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Наврӯз Носири тамоми омӯзгоронро бо иди касббиашон шодбош намуда, зикр дошт, боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз ҷомеаи кишвар зери таассуроти наҷиб аз таҷлили бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил мегардад, Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад ва арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул меёбад. Ҳамасола, дар сатҳи шоиста истиқболи Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ифодагари чунин сиёсат буда, нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат – омӯзгорон ва рукни муҳими давлатдорӣ – забони давлатӣ маҳсуб меёбад.

Сипас Мирзораҳматова Гулнора, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дар мавзуи “Забони миллат -  ҳастии миллат”, Саидов Парвин, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Таърихи забон” ва Қурбонзода Кароматулло, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ба қадри устод мебояд расид” баромад намуданд, зимни баромад қайд карда шуд, ки дар воқеъ саҳми устод-омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад.

Дар охир донишҷӯён порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд, ки тараннумгари хизматҳои шоён ва заҳмату меҳнати назарраси омӯзгорон буд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jng4u3gumh8q73jlul9hj9t6d7 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jng4u3gumh8q73jlul9hj9t6d7): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n4j8vt7pmdv166svr7c29akdal in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_n4j8vt7pmdv166svr7c29akdal): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q6v4dq9kn0bv076vvbdcv87ftr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q6v4dq9kn0bv076vvbdcv87ftr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q7oisdng3lo2bc0sv0sh8gsrvc in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_q7oisdng3lo2bc0sv0sh8gsrvc): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274