, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 03.10.2023 220

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забон дар мавзуи «Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат» баргузор гардид.

Дар конфронс мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, дотсенти кафедраи мазкур Фархуддинов Исуф, муаллимони калони кафедра Ҷӯраев Бобохон, Ёрматов Алишер, ассисенти кафедра Тағоев Саймумин ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра Шералиева Садбарг ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, қайд карданд: “Дар даврони истиқлол забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста – оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардидааст”.

Сипас дотсенти кафедра Фархуддинов Исуф дар мавзуи “Устод агар набошад...”, муаллими калони кафедра Ҷӯраев Бобохон дар мавзуи “Шиносномаи абадияти миллат”, муаллими калони кафедра Ёрматов Алишер дар мавзуи “Муаллим сарвару саркори инсон”, ассисенти кафедра Тағоев Саймумин дар мавзуи “Рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамзамон, баъд аз баёни маърӯзаҳо аз ҷониби гурӯҳе аз донишҷӯён қироати шеърҳо дар васфи забон шунида шуд.

Дар охир конфронс бо музокирот байни ҳозирин ба анҷом расид.




Ба рӯйхат