, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 30.09.2023 193

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраи шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.

Ҳамин аст, ки ҳамасола 30-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.

Вобаста ба ин санаи 30-юми сентябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Мавлоно мутафаккири машриқзамин” баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, декани факултети химия ва биология, дотсент Исупов Дилшод, доктори илмҳои филологӣ Ашурова Нодира, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдувоҳид, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, мутахассиси пешбари Марказ Иззатов Умедҷон, сардори ҶИД-и Донишгоҳ Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро сардори Марказ Муҳаммадҷони Абдувоҳид оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуда, қайд карданд: “Шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзуъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии фалсафаву ҳикмат ва масоили бисёри дигар бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вежагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан «Маснавӣ»-и Мавлавӣ гирд омадааст ва ӯро имтиёз бар бисёре аз осори адабии дигари забони тоҷикӣ бахшидааст”.

Баъдан донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика Нуриддинзода Моҳру дар мавзуи “Зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, Раҳматова Фотима дар мавзуи “Панду ахлоқ дар эҷодиёти устод Ҷалолиддини Балхӣ” ва Давронова Савсан дар мавзуи “Тасири “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолиддини Балхӣ дар маънавиёти ҷавонон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо тантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.

Мавлоно Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад.

Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд.

Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумумли Мавлоно то қадри тавол хабардор бошем. Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро бубинед, ки як тан фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Вахшонзаминӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, на танҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

Дар қисмати музокирот муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар доктори илмҳои филолгӣ Ашурова Нодира баромад намуда, афзуданд: “Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст. Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтаанд, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошанд, ки инсон асрҳост бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсони асир, инсоне, ки пойбанди қафаси тан ва тортани нафсу тамаъе гардидааст, ки тору пуди ӯро фаро гирифтааст, тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гирад, метавонад бар бисёре аз душвориҳои зиндагӣ пирӯз шавад.

Андарзҳои Мавлоно дар саросари Маснавӣ гоҳ ба ҷиду гоҳ даромехта бо танзу гуфторе малеҳ хонандаро ба шигифтӣ вомедорад. Андарзҳое, ки ҳама аз дониш ва маърифати балани гӯяндаи он, аз огоҳиву вуқуфи ӯ, ки дар умқи зеҳни шоир шакл гирифтааст, дарак медиҳанд.

Ҷалолиддин Муҳаммад аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фикр ва фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукӯҳу ҷалол бахшидаанд”.




Ба рӯйхат