, Сешанбе, 10-декабр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 22.09.2023 266

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳамасола санаи 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар тамоми кишвар баргузор мегардад.

Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳли адаб, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Пеш аз чорабинӣ дар саҳни Қасри фарҳанг меҳмонон аз намоиши асарҳои мондагори Пешвои миллат -  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоирону адибон дидан намуданд.

Нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда,  ҳозиринро бахшида ба бузургдоши Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфтанд ва барояшон саодати зиндагию бахту иқболи баландро таманно намуд.

Зикр гардид, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромардони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст.

Сипас ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки устод Рӯдакӣ офтоби тобноки адабиёти мо ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем”

Баъдан Шоири халқии Тоҷикистон  Ҳақназар Ғоиб оид ба осори устод Рӯдакӣ сухан гуфта иброз доштанд, ки Маликушшуаро на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, одамушшуаро, қофиласолорои шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Ҳамзамон Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба зиндагинома ва фаъолияти устод Рӯдакӣ суханронӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки аҳли ҳунар аз эҷодиёти пурғановати устод Рӯдакӣ суруду тарона пешниҳод гардид.




Ба рӯйхат