, Якшанбе, 08-декабр

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

 22.09.2023 219

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Санаи 22-уми сентябри соли равон дар факултети  филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, сармутахассиси Раёсати тарбия Дустов Насим, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо суханронӣ намуда, ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфтанд. Инчунини қайд карданд, ки ифтихори миллии мо тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ эълон гардидааст. Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикӣ-форсиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.

Баъдан Мирзомуродзода Н - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Эҷодиёти Рӯдакӣ”, Фархундаи Хайрулло -  донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Даврони пирии устод Рӯдакӣ” ва Каримова Фариза – донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Афсона ва ҳақиқати “Бӯйи ҷӯи Муллиён” маърӯзаҳои худро баромад намуданд. Инчунин аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ низ ёдовар шуданд дар давоми чорабинӣ.

Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоири ширинкалом қироат намуданд. Ҳамзамон суруд ва видеоролик аз ҳаёт ва эҷодиёти шоири ширинкалом намоиш дода шуд.




Ба рӯйхат