,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати гиромидошти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист» баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдувоҳид, сардори шуъбаи ТАКИП, номзади илмҳои педагогӣ Қурбонзода Умеда, мутахассиси пешбари Марказ Иззатов Умедҷон, сардори ҶИД-и Донишгоҳ Ғаффори Мурод ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро сардори Марказ Муҳаммадҷони Абдувоҳид оғоз намуданд. Сипас дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуда, қайд карданд: “Барои мардуми шарафманди тоҷик мояи ифтихору сарфарозии беканор аст, ки дар фарҳангии пайи татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти саромадони адабиёту фарҳанги миллати тоҷик имрӯз ҷашнвораҳои моро боз ба асли хеш барои ҳифзу нигаҳдошти каломи ноби тоҷикӣ ҳамеша ҳидоят месозад. Таҷлили рӯзи Рӯдакӣ ин тантанаи сухани воло, таҷлили рӯзи Рӯдакӣ ин ҳамоишҳое мебошанд, ки моро бо забони модарии худ ба аслу насли худ, дӯст доштани ин замин ва марзу буми аҷдодӣ ҳамеша раҳнамо месозад”.
Баъдан донишҷӯён Сафарзода Сироҷиддин дар мавзуи “Зиндагиномаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, Муҳтарамаи Зиёвуддин дар мавзуи “Панду ахлоқ дар эҷодиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва Нурридинзода Моҳру дар мавзуи “Мизони андеша дар эҷодиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокдорону маърӯзачиён ба анҷом расид.