, Шанбе, 12-октябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

 21.09.2023 192

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

21-уми сентябр дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба рузи гиромидошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати уй...”  баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, муовини декан оид ба тарбия Табаров Шеравган, мудирони кафедраҳои тахассусӣ Саидова Нилуфар ва Шарипов Хуршед ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет Муродов Баҳриддин суханро оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуданд: “Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ — ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст”.

Сипас сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром ибрози андеша намуданд, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо он шукуҳу бузургӣ, ки дар зеҳни мо мутаҷҷалист, дар фазои холие ба он мақом нарасидааст. То Рӯдакӣ низ забони адаби порсӣ тоҷикӣ дар минтақаи ниҳоят азиме муштамил аз Варорӯду Ирони бостон, дар ҳоли таҳавул ва такомул буда, тағзия ва решаҳои қаввии адаби порсии миёнаву бостонӣ мегирифтааст. Шубҳае нест, ки пойдевори мустаҳками адабиёти навини порсӣ- тоҷикӣ- дарӣ дар асри 9-10 бо шеъри устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳода шудааст, вале то ин давра даҳҳо шоирон кӯшиш намудаанд, ки ақалан порае бо забони модариашон шеър гӯянд.

Баъдан донишҷӯёни курси якуми факултет Асламова Зуҳро дар мавзуи “Панду андарз дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ” ва Гулнораи Бахтиёр дар мавзуи “Мероси пурарзиши устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” баромад намуданд.

Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз эҷодёти устод, марсияҳо дар васфи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамон як саҳначае аз ҳаёти қофиясолори назми тоҷик пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд қайд кард, ки донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил мекунанд бо Сипоснома ва Ифтихорномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд.




Ба рӯйхат