, Чоршанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

 21.09.2023 90

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда, ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ва ҷаласаҳо доир мегарданд.  Дар ин росто имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ – бадеии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” таҳти унвони “Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме...” баргузор гардид.

Дар конфронс ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, ҷонишини декан оид ба таълим Шамшоди Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром  ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Дар ибтидо декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр кард, ки “Ҳадаф аз таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ гиромидошт ва арҷгузорӣ ба асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги ғановатманди гузаштагонамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки «Устод Рӯдакӣ бо қудрати ҷонофарини сухан, ҳикмату дониши комил ва маҳорату ҳунари шоирии худ тавонист ҷаҳони шеъри тоҷикиро бо ашъори ҷовидонаи худ бекарона созад. Аз ин рӯ номи Рӯдакӣ рамзи ҷовидонаи шеъри ҳакимонаву оламгири мо мебошад».

Рӯзи Рӯдакӣ ба ташаккули ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда нерӯ мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду пешрафти Тоҷикистон меафзояд”.

Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нуҳ – “асри тиллоӣ”-и адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд – зикр доштанд номзади илмҳои филологӣ, дотсент Содиқов Ёралӣ.

Сипас Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Мавзуоти рубоиҳои устод Рӯдакӣ”, Нуриддинзода Моҳрӯ, донишҷӯи курси 4–уми факултет дар мавзуи “Мизони андеша дар шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Баъдан донишҷӯёни факултет аз ашъори устод Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.




Ба рӯйхат