,
Душанбе, 09-декабр
Санаи 21-уми сентябр дар гурӯҳи таълимии 203-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси тарбиявӣ дар мавзуи “Тафаккури солим – омили асосии ошкорнамоӣ ва рафъи камбудиҳо” баргузор гардид. Дар дарси мазкур сардори раёсати тарбия – Холматов Баҳром, дотсенти кафедраи равоншиносӣ, ҳамзамон сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ – Шарипов Анвар, декани факултет дотсент Зулфиев Гадомад, сарпарасти гурӯҳи таълимӣ – Муҳаммадони Абдувоҳид ва донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ иштирок доштанд.
Бо назрадошти хусусияти психологӣ ва паҳлуҳои омӯзишӣ-машваратӣ доштани мавзуи “Тафаккури солим – омили асосии ошкорнамоӣ ва рафъи камбудиҳо” куратори гурӯҳи таълимӣ Муҳаммадони Абдувоҳид дар мувофиқа бо қисми тарбия ва садорати факултет аз устоди кафедраи равоншиносии донишгоҳ дотсент Шарипов Анвар даъват намуд, ки доир ба мавзуъ бо донишҷӯён дарс гузарад. Дарс ва баррасиву омӯзиши масъалаи мавриди назар дар сатҳи ниҳоят олӣ баргузор гардида, донишҷӯён дар робита ба мавзуъ донишҳои назариявии худро афзун намуданд.
Дар интиҳои дарс миёни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифта, таклиф гардид, ки бо назардошти манфиатбор будани чунин тарзи ташкили дарс, иқдоми ҷалби мутахассисини соҳавӣ барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар доираи мавзуъҳои нақшавӣ зиёд карда шавад.