,
Панҷшанбе, 26-декабр
«Дар Русия аз кӯҳанзамон на танҳо ҳунарҳои нодири халқи тоҷикро хуб медонистанд, балки аз онҳо ба ваҷд ҳам меомаданд ва бо як ҳиссиёти хоса ба осори ҳамосии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон бархӯрд мекарданд».
В.В.Путин.
Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 22-уми сентябр рӯзи «Рудакихонӣ» баргузор мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати фарҳангии давлат хуб ба роҳ монда шуда, шахсиятҳои бузурги таърихии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Рӯдак – Панҷрӯди ҳозираи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Ибтидо дар зодгоҳи хеш ва баъдан дар шаҳри Самарқанд касби илму ҳунар намуда, солҳо дар Бухоро дар дарбори Сомониён хидмат кардааст. Пас аз се соли аз дарбор ронда шуданаш дар соли 941 дар зодбуми худ падруди ҳаёт гуфтааст.
Устод Рӯдакӣ дар тӯли умри хеш осори зиёде дар шакли қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, марсия офарида, ки аз он то ба рӯзгори мо ҳамагӣ бештар аз ҳазор байт боқӣ мондааст.
Ҷиҳати бузургвории Рӯдакӣ ғановати ғоявию бадеӣ ва хушбаёнии забони ашъори ӯст. Осори ӯ ба мисли «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб» ва ғайра бо услуби хоси шоирони асри X эҷод шудааст.
Аввалин касе, ки дар бораи устод Рӯдакӣ маълумот додааст, Низомии Арӯзии Самарқандӣ мебошад. Баъдан Муҳаммад Авфӣ, Рашидии Самарқандӣ, Асадии Тӯсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лутфалибеки Озар ва дигарон доир ба аҳволу осори устод маълумот додаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷомӣ дар муаррифии Рӯдакӣ гуфтааст: «...дар ҳаштсолагӣ Қуръонро батамом ҳифз карда ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва ба воситаи ҳусни сурат дар мутрибӣ афтод ва уд биомӯхт ва дар он моҳир шуд ва Носир ибни Аҳмади Сомонӣ ӯро тарбият кард...»
Дар ҳудуди беш аз сад соли охир дар кишварҳои мухталифи Шарқу Ғарб доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии устод Рӯдакӣ китобу мақолоти зиёде табъу нашр шудааст. Аз миёни рӯдакишиносони Ғарб метавон аз А.Журден, Хаммер, Л.Дюбо, Ҳ.Эте, Шеффер, Дормстетер, Ҷ.Пикеринг, Писси, П.Хорн, У.Ҷексон, Я.Рипка, И. Бечка ва ғайраро ном бурд.
Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ А.Е. Кримский, Е.Э. Бертелс, А.А. Семёнов, И.С.Брагинский, А.Т. Тоҳирҷонов, И. Кидадзе, Ғ. Алиев ва чанд тани дигар дар ин ҷода саҳм гузоштанд.
Дар Эрону Тоҷикистон Р. Шафақ, З. Сафо, Б. Фурӯзонфар, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, Ш. Ҳусейнзода, А. Мирзоев, А. Афсаҳзод, С. Имронов, У. Каримов, С. Саъдиев, Р. Ҳодизода, А. Мухторов, А. Раҳмонов, А.М Хуросонӣ ва дигарон дар омӯзишу пажӯҳиши аҳволу осори ин ситораи тобони шеъри форсӣ нақши нек гузоштаанд.
Дар Тоҷикистон чандин муассисаи илмию фарҳангӣ, таълимӣ, мавзеъҳои аҳолинишин, хиёбону кӯчаҳо номи мубораки устод Рӯдакиро доранд, ки Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, музеи шаҳри Панҷакент яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, хиёбони марказии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин қабиланд. Соли 2008 1150-солагии бузургдошти қофиясолори назми форсу тоҷик, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон ботантана ҷашн гирифта шуд.
Таҳияи “Анвори дониш”