,
Ҷумъа, 27-декабр
Рӯзҳои 14-15.09.2023 вохӯрии кормандони Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER «Роҳандозии усулҳои инноватсионӣ, малакаҳои соҳибкорӣ ва муносибат бо донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминшавии хатмкунандагони МТОК дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, сардори шуъбаи ТАКИП Қурбонова Умеда ва роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Исуфов Шердил иштирок намуданд.
Дар ин вохӯрӣ мазкур масъалаҳои кории лоиҳа, натиҷаҳои корҳои иҷрошудаи бастаҳои корӣ баррасӣ гадида, тариқи рӯнамо (презентатсия) намош дода шуданд. Бояд гуфт, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар доираи лоиҳаи мазкур маълумот пешниҳод намуданд.