,
Душанбе, 14-октябр
Имрӯз ба истиқболи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ синфхонаи машғулиятҳои назариявӣ барои 100 ҷойи нишаст ифтитоҳ гардид.
Дар расми ифтитоҳи он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтанд. Таъкид гардид, ки корҳои созандагӣ самараи Истиқлол буда, мову шумо вазифадор ҳастем, ки шогирдонро дар рӯҳияи ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем.
Донишҷӯён аз ин иқдоми нек хурсанд шуда, ваъда доданд, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ таҳсил менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 7 толори Шӯрои олимон дар факултетҳо ифтитоҳ гардида буд.