,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Санаи 1-уми сентябри соли равон бо ташаббуси Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмии ҳайати унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳошияи Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҳти унвони «Дарси сулҳ – дарси садоқату ватандорӣ» бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдувоҳид, мутахассиси пешбар Изатов Умедҷон ва дигар устодон, унвонҷуён ва донишҷуён - ғолибони маҳфилу олимпиадаҳо ва ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш устодон ва донишҷӯёни ҷоизадори озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ атрофи масъалаҳои «Дарси сулҳ-дарси садоқату ватандорӣ» ва Нақши озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон изҳори андеша намуданд. Дар ин робита миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳмории имконот барои таҳсилу илмомӯзӣ баён намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш чун савганди садоқат ба Пешвои миллат ва сиёсати давлату ҳукумат сидқану самимона ва бо тамоми меҳри инсонӣ даст болои қалб гузошта иброз доштанд, ки бо Пешвои муаззами худ ифтихор менамоем ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш ироа гардида дар назди худ чунин вазифагузорӣ менамоем:
Қабл аз ҳама, бо эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ осори пурғановати ниёгон ва таърихи гузаштаи миллати бузурги тоҷикро омӯхта, дар заминаи он донишу заковати замонавиро аз худ менамоем;
Озодиву соҳибихтиёрии кишварамонро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморида, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз месозем;
Ватанро дӯст дорем, аз он ифтихор кунем, барои ҳимояи он омода бошем, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо меоварем;
Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамонро моҳияти ҳаётан муҳим медонем ва барои пойдории ин муқаддасот камари ҳиммат баста аз онҳо ба таври ҳамешагӣ дифоъ менамоем;
Ҳуввият ва андешаи миллиамонро васеъ намуда бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ оштинопазир мебошем;
Арзишҳои умумимиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло мегузорем ва онро пойдевори тарбияи ватандӯстӣ медонем.