, Якшанбе, 10-ноябр

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ТАҲИЯИ ПЛАТФОРМАИ ОНЛАЙНӢ

 06.07.2023 160

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ТАҲИЯИ ПЛАТФОРМАИ ОНЛАЙНӢ

Дар доираи лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияҳои рақамӣ-инклюзивӣ» 20-нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  давоми ду моҳ (май-июн) ба омӯзиши рамзгузории пешрафта, технологияҳои таҳияи сомонаҳо:  HTML , CSS, JavaScript ва CMS WordPress фаро гирифта шуда, дар озмуни таҳияи платформаи онлайнии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-нафар ғолибият ба даст оварданд.

Ятимов Анушервон-донишҷӯи  курси 1-уми ихтисоси информатикаи факултети физика ва математика, Эмомализода Ҳангома-донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси информатикаи факултети физика ва математика ва Бобоев Худобахш-донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни таҳияи платформаи онлайнии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии мутахассис-маъмури сомонаи донишгоҳ Иброҳими Юсуф ғолиб омада, бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд. 

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар ҳошияи амалишавии лоиҳаи “Таҳким ва баланд бардоштани  сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияҳои рақамӣ-инклюзивӣ” аз ҷониби ташкилотии Good Neighbors Тоҷикистон бо ҳамкории ширкати Ребус ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.




Ба рӯйхат